Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо Муовини аввали раиси Кумитаи иҷроия - Котиби иҷроияи ИДМ

16 феврали соли 2015 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Муовини аввали раиси Кумитаи иҷроия - Котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Владимир Гаркун  мулоқот анҷом дод.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаи ҳамкориҳои  Тоҷикистону ИДМ-ро мавриди муҳокима қарор дода, оид ба масоили омодагӣ ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва Ҷамоатҳо, ки 1 марти соли ҷорӣ баргузор хоҳад гашт, мубодилаи афкор карданд.

 

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj