Тоҷикӣ | Русский | English  

Мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Қоҳира бо Бунгоҳи хабарии Ховари Миёна

Чанде пеш Бунгоҳи хабарии Ховари Миёна (Middle East News Agency), ки хабаргузории ҳукуматии Миср мебошад, мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Қоҳира Хусрав Нозириро бо хабарнигори дипломатии бунгоҳ Шуҳрат Салоҳ Ориф мунташир намуд.

Дар он мусоҳиба дар посух ба пурсишҳои хабарнигор сафири кишвари мо пиромуни масъалаҳои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Миср дар заминаҳои гуногун, аз ҷумла сиёсат, иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, гардишгарӣ ва масъалаҳои дигари байналмилалӣ изҳори назар намудааст.

Гузашта аз ин, дар мусоҳибаи мазкур изҳори умедворӣ шудааст, ки ҷониби мисрӣ дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, солҳои 2005-2015, ки дар Душанбе 9-11 баргузор мегардад, фаъолона иштирок хоҳад намуд. Матни комили мусоҳибаро метавон дар торнамои бунгоҳи хабарӣ мутолиа кард.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj