Тоҷикӣ | Русский | English  

Вохӯрии Муовини Вазири корҳои хориҷӣ бо Сафири Ҳиндустон

19 феврали соли 2015 вохӯрии Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аситҳ Кумар Бҳаттачарҷи баргузор шуд.

Зимни сӯҳбат масъалаҳои рушди минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Ҳиндустон дар арсаҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо бар аҳамияти тавсеаи заминаи шартномавию ҳуқуқии ҳамкориҳо ва таҳкими робитаҳои иқтисодию тиҷоратии байни ду кишвар таъкид намуданд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj