Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Муовини вазири корҳои хориҷӣ бо Муовини роҳбари Намояндагии минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда

23 феврали соли 2015 мулоқоти Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо Муовини роҳбари Намояндагии минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба дипломатияи боздоранда дар Осиёи Марказӣ Фёдор Климчук баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот Фёдор Климчук аз фаъолият ва чорабиниҳои дарпешистодаи Марказ ёдовар шуда, саҳми фаъоли Тоҷикистонро дар пешбурди лоиҳаҳои он таъкид намуд.

Муовини вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидӣ талошҳои Марказро ҷиҳати пешгирии низоъҳо ва муқовимат ба хатару чолишҳои фаромарзӣ дар минтақа мусбат арзёбӣ намуда, омодагии ҷониби моро барои ҳамкорӣ дар ин ва дигар самтҳо изҳор намуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази минтақавии СММ-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj