Тоҷикӣ | Русский | English  

Вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо Муовини вазири энергетикаи Ҷумҳурии Қазоқистон

23 феврали соли 2015 вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Назирмад Ализода бо Муовини вазири энергетикаи Ҷумҳурии Қазоқистон, ҳамраиси қисми қазоқистонии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ Талгат Ахсамбиев баргузор гардид.

Зимни мулоқот Тарафҳо сатҳи кунунии ҳамкориҳо ва масъалаҳои дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба байни Тоҷикистону Қазоқистонро дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сӯзишворию энергетика, транзитӣ-нақлиётӣ, сармоягузорӣ ва мушкилиҳои соҳибкорон мавриди муҳокима қарор дода,  ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар бахшҳои алоҳидаи иқтисодӣ, ҷалби сармояи Қазоқистонӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон ва таъсиси корхонаҳои муштарак табодули назар намуданд.

Ҷонибҳо зарурати фаъолгардонии кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодиро, ки баргузории ҷаласаи навбатии он 19-20 марти соли 2015 дар шаҳри Душанбе дар назар аст, ҳамчун механизми таъсирбахш барои муайян намудани самтҳои афзалиятноки муносибатҳои дуҷониба ва мутақобилан муфид қайд карданд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj