Тоҷикӣ | Русский | English  

Иҷлосияи Кумита оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии СММ

24- 25 феврали соли 2015 дар рафти иҷлосияи 54 Кумита оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид дар Женева ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон маърузаи миллии  даврии дуюм ва сеюми Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба иҷрои муқаррароти Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ пешниҳод намуд.

Ҳайати кишварамонро, ки аз намояндагони вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Агентии омор иборат аст,  дар иҷлосияи мазкур Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳмурод Рустам роҳбарӣ мекунад.

Паймони мазкур дар асоси қатъномаи 2200А-и Маҷмаи умумӣ   аз 16 декабри соли 1966 қабул шуд ва тибқи моддаи 27-ум 3 январи соли 1976  эътибори қонунӣ пайдо кард.  Он фароҳам овардани шароитҳоеро, ки барои ҳар кас  имконияти истифода бурдани  ҳуқуқҳои  иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии худро таъмин намоянд,  пешбинӣ намудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Паймони байналмилалӣ 4 январи соли 1999 ҳамроҳ шудааст.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj