Тоҷикӣ | Русский | English  

Вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои дохилии Қазоқистон

25 феврали соли 2015 вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Назирмад Ализода бо Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Қазоқистон Калмуханбет Касимов баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқот самтҳои асосии ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, раванди татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои муштарак дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла дар ҳошияи Созмони ҳамкории Шанхай ва таҳкими пояи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистон баррасӣ шуданд.

Ҳамчунин, ҷонибҳо оид ба тартиби будубоши шаҳрвандон дар ҳудуди кишварҳои якдигар ва дигар масъалаҳои ҷолиби таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор намуданд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj