Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Муовини аввали вазири тиҷорат ва саноати Ҳиндустон

23 феврали 2015 дар Вазорати тиҷорат ва саноати Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқоти Сафир М.Ҷалолов бо Муовини аввали вазири тиҷорат ва саноати Ҷумҳурии Ҳиндустон ҷаноби Раҷив К. баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ҳиндустон дар бахшҳои тиҷорат ва саноат мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳамсӯҳбатон нисбат ба иҷрои бандҳои Протоколи ҷаласаи Комиссияи муштарак оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ низ мубодилаи афкор намуданд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj