Тоҷикӣ | Русский | English  

Вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Иттиҳодияи палатаҳои аврупоии савдо ва саноат

4 майи соли 2015 дар ш.Брюссел вохӯрии Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо, Сафир Рустамҷон Солиев бо Дабири кулли Иттиҳодияи палатаҳои аврупоии савдо ва саноат “EUROCHAMBRES” Арналдо Абрудзини баргузор гардид.

Зимни сӯҳбат масоили ба роҳ мондани ҳамкории дуҷониба бо Иттиҳодияи “EUROCHAMBRES” ва рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо муҳокима шуданд.

Сафири Тоҷикистон ба мусоҳибон оид ба вазъи сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии кишвар, чораҳои Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, инчунин соҳаҳои авлавиятноки иқтисодиёти миллии мавриди ҳавасмандии сармоягузорон ва доираҳои соҳибкории хориҷӣ маълумоти муфассал дод.

Ба намояндаи баландпояи Иттиҳодияи “EUROCHAMBRES” ҳамчунин маводҳои иттилоотӣ оид ба имконоти сармоягузории Тоҷикистон супорида шуданд. А.Абрудзини омодагию ҳавасмандии махсуси худро оид ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо Тоҷикистон иброз доштанд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj