Тоҷикӣ | Русский | English  

Машваратҳои байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Покистон

4 майи соли 2015 дар Вазорати корҳои хориҷии Покистон машваратҳои байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳар ду ҷониб баргузор шуд. Ҳайатҳои ҷонибҳоро Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ ва Дабири хоси (дар сатҳи Муовини вазир) Вазорати корҳои хориҷии Покистон Амҷад Ҳуссайн Б. Сйал роҳбарӣ намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод, тиҷорат ва  сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо тасмими худро ҷиҳати боз ҳам равнақ бахшидан ба муносибатҳои мутақобилан судманд миёни ду кишвар таъйид карданд.

Дар машваратҳо таъкид гардид, ки Тоҷикистону Покистон дар мавзуъҳои мубрами байналмилалӣ мавқеъҳои ба ҳам монанд доранд ва дар ҳалли масъалаҳое, ки ба онҳо алоқаманданд, ҳамкории судманд ба роҳ мондаанд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj