Тоҷикӣ | Русский | English  

Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ширкаткунандаи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории минтақавӣ дар бахши назорати маводи мухаддир

5 майи соли 2015 дар ш. Ашхобод ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ С. Аслов дар Ҷаласаи 9-уми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ширкаткунандаи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории минтақавӣ дар бахши назорати маводи мухаддир ширкат варзид.

Чорабинии мазкур бо ташаббуси Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) ва дастгирии Ҳукумати Туркманистон баргузор гардид, ки дар он намояндагони воломақом аз идораҳои сиёсӣ ва роҳбарони макомоти назорати маводи нашъаовари кишварҳои Осиёи Марказӣ, Россия, Озарбойҷон ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ширкат намуданд.

Зимни нишаст иштирокчиён оид ба масъалаҳои гуногун, аз ҷумла мубориза ба муқобили гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, терроризм, таҳкими назорати сарҳад ва зарфияти гузаргоҳҳои сарҳадӣ, хариду фурӯши одамон, пулшуйӣ, пешгирии вируси норасоии масунияти одам (ВИЧ/СПИД) ва таҳкими низоми адлияи ҷиноӣ суханронӣ намуда, ҳамкории ҳамаҷониба ва судманди ҷомеаи ҷахониро роҳи асосии ҳалли мушкилоти зикргардида арзёбӣ намуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ роҳбарони идораҳои сиёсии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Директори ичроияи Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ Баёнияи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ширкаткунандаи Ёддошти тафоҳуми мазкурро ба имзо расониданд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj