Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо Директори иҷроияи Дафтари СММ (UNODC)

5 майи соли 2015 дар ҳошияи ҷаласаи навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ширкаткунандаи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории минтақавӣ дар бахши назорати маводи мухаддир мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ С.Аслов бо Директори иҷроияи Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ Юрий Федотов доир гашт.

Ҷонибҳо аз раванди мусбии рушди ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари СММ оид ба мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) изҳори қаноатмандӣ карда, зарурати тақвияти ҳамкориро дар самти мубориза бо ин чолишҳо таъкид намуданд.

Ҳамзамон, ҳар ду ҷониб баргузории Конфронси байналмилалӣ оид ба маводи мухаддирро, ки 27 майи соли равон дар ш. Душанбе дар назар аст, мавриди муҳокима қарор дода, доир намудани онро, ки як сол қабл аз Ҷаласаи вежаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба мушкилоти маводи мухаддир дар соли 2016 баргузор мегардад, хамчун амали саривақтӣ арзёбӣ намуданд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj