Тоҷикӣ | Русский | English  

Вохӯрии Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон

5 майи соли 2015 дар чаҳорчӯби Ҷаласаи навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ширкаткунандаи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории минтақавӣ дар бахши назорати маводи мухаддир мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Эрлан Абдилдаев баргузор гардид.

Зимни он роҳбарони идораҳои сиёсии хориҷӣ аз раванди мусбии рушди ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда, зарурати тақвияти онҳоро дар ҳама арсаҳо таъкид намуданд.

Ҷонибҳо атрофи масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба, минтақавӣ ва дигар масоили таваҷҷуҳи тарафайнро мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор доданд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj