Тоҷикӣ | Русский | English  

Вохӯрии Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркманистон

5 майи соли 2015 дар чаҳорчӯби Ҷаласаи навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ширкаткунандаи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории минтақавӣ дар бахши назорати маводи мухаддир мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов баргузор гардид.

Зимни мулоқот мусоҳибон роҷеъ ба масъалаҳои умдаи равобити дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Туркманистон, ҳамкориҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, ба вежа СММ мубодилаи афкор намуданд.

Вазирон аз раванди мусбии рушди ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, зарурати тақвияти онҳоро дар ҳамаи арсаҳо, аз ҷумла обу энергетика, нақлиёт, коммуникатсия ва ғайра таъкид карданд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj