Тоҷикӣ | Русский | English  

Мусоҳибаи Сафири Тоҷикистон дар рӯзномаи “ал-Кувайтия”

4 майи соли 2015 дар рӯзномаи “ал-Кувайтия”, ки дар фазои иттилоотии ҷаҳони араб машҳур аст, мусоҳибаи Сафири Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдов нашр гардид.

Дар мусоҳиба Сафири Тоҷикистон оид ба рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббусҳои кишвар дар сатҳи байналмилалӣ, ба хусус баргузории Конфронси байналмилаии сатҳи баланд оид ба арзёбии натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилаии амал "Об барои ҳаёт", 2005-2015 моҳи июни соли ҷорӣ дар Душанбе ва инчунин роҷеъ ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши муносибатҳо байни Тоҷикистон ва Кувайт изҳори назар кард.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj