Тоҷикӣ | Русский | English  

Нишасти иттилоотӣ дар робита ба ибтикороти обии Тоҷикистон ва омодагӣ ба Конфронси об

6 майи соли 2015 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истифодаи захираҳои обӣ ва омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015, бо иштироки ҳайати дипломатии муқими Душанбе - намояндагиҳои дипломатӣ ва ниҳодҳои байналмилалӣ нишасти иттилоотӣ баргузор гардид.

Зимни нишаст Сардори Раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷӣ Маҳмадалӣ Раҷабов ва Сардори Раёсати созмонҳои байналмилии Вазорат Идибек Қаландаров дар робита ба ибтикороти ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ва чораҳои марбут ба Конференсияи байналмилалӣ, ки 9-11 июни соли ҷорӣ баргузор мегардад, суханронӣ намуданд.

Аз ҷумла нақши созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди ҳалли масъалаҳои вобаста ба истифодаи захираҳои об ва мушкилоти ҷаҳонии вобаста ба об мавриди таъкид қарор гирифт. Ҳамзамон ёдовар гардид, ки Маҷмаи Умумии СММ бар асоси пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълони соли 2003 ба сифати Соли байналмилалии оби тоза, солҳои 2005-2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” ва соли 2013 ба сифати Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об қатъномаҳои дахлдор қабул намуд, ки дар раванди ҳалли мушкилоти обии Сайёра нақши муҳим бозиданд.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки ба мақсади идомаи баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои ҷаҳонии об, бо дар назардошти хатми Даҳсолаи байналмилии амал “Об барои ҳаёт” дар соли ҷорӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи апрели соли равон дар Форуми 7-уми Ҷаҳонии Об дар Кореяи Ҷанубӣ дар бораи эълон намудани Даҳсолаи навбатии байналмилалӣ таҳти шиори “Об барои рушди устувор” ибтикор намуд. Дар робита ба мавзӯъ аз ҳайати дипломатӣ даъват ба амал оварда шуд, то дар раванди ташаккули Даҳсолаи навбатӣ чун анъанаҳои қаблӣ ҳамкории муносиб дошта бошанд.

Зимни нишаст дар робита ба рафти омодагиҳо ба баргузории Конференсия барнома ва мундариҷаи чорабинӣ маълумоти муфассал барои ҳозирин пешниҳод гардид.

Дар хотимаи нишаст аз роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ даъват ба амал оварда шуд, ки дар кори Конференсияи байналмилалии дарпешистода иштироки фаъол дошта бошанд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj