Тоҷикӣ | Русский | English  

Таҷрибаи сулҳи тоҷикон

6 майи соли 2015 дар ш.Брюссел Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо, Сафир Рустамҷон Солиев дар вохӯрии чоруми намояндагони созмонҳои минтақавӣ ва дигар ташкилотҳо оид ба дипломатияи боздоранда ва миёнаравӣ иштирок ва суханронӣ намуд.

Чорабинии мазкур аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва Созмони ҳамкории исломӣ барпо гардид.

Зимни баромади худ Намояндаи Тоҷикистон таҷрибаи  тоҷиконро ҳамчун яке аз намунаҳои беҳтарини дастрасӣ ба сулҳу ризоияти миллӣ дар низоъҳои дохилӣ муаррифӣ намуд.

 Қайд гардид, ки он аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун намунаи нодири барқарорсозии сулҳу субот эътироф шудааст. Ӯ иброз дошт, ки дастёбӣ ба сулҳу ризоияти миллӣ бевосита ба фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вобаста аст.

Иштирокдорони чорабинӣ дастрасӣ ба ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистонро баланд арзёбӣ намуда, зарурати омӯзишу истифодаи таҷрибаи беназири дастёбӣ ба сулҳу ризоияти миллӣ дар Тоҷикистонро барои танзими сулҳомези муноқишаҳои маҳаллӣ таъкид карданд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj