Тоҷикӣ | Русский | English  

Намоишгоҳи аксҳо дар Қоҳира

6 майи 2015 дар Маркази мисрии ҳамкории байналмилалии фарҳангӣ дар Қоҳира зери сарпарастии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Арабии Миср Намоишгоҳи аксҳо ба муносибати 70-умин солгарди Рӯзи пирӯзӣ бар фашизм дар Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ ифтитоҳ ёфт. Намоишгоҳи мазкурро Сафорати Тоҷикистон ҳамроҳ бо намояндагиҳои дипломатии Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Озарбойҷон, Русия ва Ӯзбекистон созмон дод.

Дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи аксҳо, ки дар он намояндагони корпуси дипломатӣ, вазорату идораҳо, аҳли илму фарҳанг, расонаҳои кишвари маҳалли иқомат ва дигарон ҳузур доштанд, Муовини вазири корҳои хориҷии Миср Ёсир Мурод ва сафирони ҳафт кишвари мазкур суханронӣ карданд.

Дар суханронии сафири Тоҷикистон дар Миср Хусрав Нозирӣ аҳаммияти сарнавиштсози пирӯзӣ бар фашизм дар Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ, саҳми арзандаи Тоҷикистон дар таъмини он пирӯзии таърихӣ ва меҳандӯстӣ, қаҳрамонӣ ва шуҷоати фарзандони кишвари мо дар майдонҳои набард, зарурати ҳалли тамоми низоъҳо бо роҳҳои осоишта бо истинод ба Ойинномаи СММ ба манзури таъмини сулҳу амнияти байнамилалӣ дар ҷаҳон таъкид гардиданд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj