Тоҷикӣ | Русский | English  

Тантана дар Минск

7 майи соли 2015 дар мактаби миёнаи маълумоти умумии №35 ба номи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Домулло Азизови ш.Минск бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маъмурияти мактаб чорабинии идона, бахшида ба 70 солагии Ғалабаи мардуми Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, баргузор гардид.

Дар аввал меҳмонони чорабинӣ назди нимпайкараи Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ Домулло Азизов гулчанбар гузоштанд.

Ҳангоми баромади худ дар назди ҷамъомадагон  Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Қозидавлат Қоимдодов аз корномаҳои тоҷикистониёне, ки бо қаҳрамониҳои худ ғалабаро таъмин карданд, ёдовар шуд.

Баъд муовини директори мактаб Н.Овчинникова ба ҷамъомадагон оиди сафараш ба ватани Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Домулло Азизов, ки ба номаш мактаби №35 ш.Минск гузошта шудааст, нақл кард.  

Дар охири чорабинӣ ба ифтихори 70-солагии Ғалаба Сафир ба мактаб тӯҳфаи хотиравӣ супорид.

Ҳамчунин, хонандагони мактаби мазкур шеърҳои бахшида ба Домулло Азизовро қироат намуданд. Диаспораи тоҷикон ва донишҷӯёни тоҷикистонӣ бо дастгирии Сафорат барномаи фарҳангӣ ба намоиш гузоштанд, ки аз ҷониби ҳозирин бо кафкӯбиҳо пазируфта шуд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj