Тоҷикӣ | Русский | English  

Ҷашни Рӯзи Ғалаба дар Кувайт

7 майи соли 2015 бо ташаббуси сафоратҳои Тоҷикистон, Россия, Қирғизистон, Қазоқистон, Озарбойҷон ва Арманистон дар Давлати Кувайт 70-умин солгарди Рӯзи ғалаба бар фашизм дар Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ бо шукӯҳи хосса ва базми идона ҷашн гирифта шуд.

Дар чорабинии мазкур намояндагони вазорату идораҳои Кувайт, ҳайати дипломатӣ, гурӯҳҳои тиҷоратӣ, доираҳои илмӣ-фарҳангӣ, инчунин шаҳрвандони кишварҳои танзимкунандаи чорабинӣ ва намояндагони ВАО ширкат варзиданд.

Дар барномаи ҷашн наворҳои видеоӣ оид ба саҳми мардуми Тоҷикистон дар мубориза бар фашизм ба намоиш гузошта шуданд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj