Тоҷикӣ | Русский | English  

Чорабиниҳои вобаста ба ҷашни 70-умин солгарди Ғалаба дар Франсия

7 майи соли 2015 Сафорати Тоҷикистон дар Франсия ҳамроҳ бо сафоратҳои кишварҳои ИДМ, аз ҷумла Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Россия ва Ӯзбекистон дар маросими ёдбуди аскарони Шӯравӣ, ки ҷони худро барои озод кардани Франсия аз фашизм нисор кардаанд, иштирок намуд. Намояндагони кишварҳои номбурда дар зери пайкарае, ки дар қабристони аскарони Шӯравӣ воқеъ дар шаҳраки Нуайе-Сен-Мартен ҷойгир аст, гулчанбар гузоштанд.

Қабл аз ин маросим, дар таърихи 5 майи соли 2015 дар Париж зиёфати расмии муштарак аз номи кишварҳои Тоҷикистон, Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Россия ва Ӯзбекистон ба ифтихори 70-умин солгарди Рӯзи пирӯзӣ бар фашизм дар Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ барпо гашт. Дар зиёфати расмӣ иштирокчиёни Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ, ашхоси расмии Франсия ва намояндагони корпуси дипломатии кишвари иқомат ширкат варзиданд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj