Тоҷикӣ | Русский | English  

Баровардани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Яман

Шоми 6 майи соли 2015 бо кумаки Сафорати Чумхурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии  Арабистони Саудӣ 9 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 5 нафари онҳо ноболиғ мебошанд бо автобуси мусофиркашонии байналмилалии ширкати “ал Буроқ” сарҳади Яману Саудиро аз нуқтаи гузаргоҳи Ҷиззон убур карда, ба шаҳри Ҷидда расиданд.

Ҳангоми расидан ба Ҷидда  Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мамлакати Арабистони Саудӣ, аз онҳо дидорбинӣ намуд. Зимнан, онҳо миннатдории худро ҷиҳати мусоидати саривақтии Сафорат ҳангоми убури сарҳад ва муҳайё намудани шароити хуби бозгашт ба Ватан баён доштанд. Ҳамин тариқ субҳи 8 майи соли равон намояндаи Сафорат онҳоро дар фурудгоҳи Ҷидда ба ҳавопаймои хатсайри Ҷидда - Дубай савор карда, гусел намуд.

Шаҳрвандони мазкур субҳи рӯзи 9 май ба Душанбе расиданд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj