Тоҷикӣ | Русский | English  

Бозтоби Конфронси оби Душанбе дар расонаҳои мисрӣ

6 майи 2015 рӯзномаи мисрии “ал-Аҳром” мақолаи хабарнигори худ Ториқ ас-Санутиро таҳти унвони “Тоҷикистон Конфронси байналмилалии обро бо иштироки Миср моҳи оянда мизбонӣ хоҳад кард” мунташир намуд. Дар он мақола бо ишора ба Сафири Тоҷикистон дар Қоҳира Хусрав Нозирӣ таъкид шудааст, ки Тоҷикистон Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015-ро дар пойтахти кишвар - Душанбе 9-10 июни соли ҷорӣ мизбонӣ хоҳад кард.

Таъкид гардидааст, ки Конфронс иқдоми хирадмандона дар вақти муносиб ба шумор рафта, ба боло бурдани сатҳи огаҳии ҷомеаи байналмилалӣ аз вазъи соҳаи об, кӯшишҳои ҳукуматҳо, Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалӣ ва ғайриҳукуматӣ ва тарафҳои дахлдори дигар барои ҳалли мушкилоти об мусоидат хоҳад кард.

Дар Конфронс намояндагони ҳукуматҳои кишварҳои узви СММ, ниҳодҳои СММ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, муассисаҳои байналмилалии молӣ, маҳофили соҳибкорӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва ҷомеаи маданӣ, инчунин донишмандону коршиносон иштирок намуда, ба ҳукумати Миср низ даъватнома ҷиҳати иштирок дар он Конфронс фиристода шудааст.

Барномаи фарогири Конфронс бо иштироки тамоми тарафҳо ва соҳибони қарор таҳия шуда, инчунин Кумитаи байналмилалии тадорукот иборат аз намояндагони кишварҳои шарик, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, созмонҳои марбут ба ҳавзаҳои рӯдхонаҳо, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, бахши хусусӣ ва тарафҳои дигари дахлдор таъсис ёфтааст.

Ҳадафи аслии Конфронс баррасии фарогири масъалаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал, нақши меҳварии он дар оянда дар бозбинии комили раванди татбиқи Даҳсолаи байналмилалӣ ва ба таври густурда ба таваҷҷуҳи афкори умумии байналмилалӣ расонидани натиҷаҳои он Даҳсола мебошад.

Дар робита ба мавзӯъ ёдовар бояд шуд, ки қаблан 5 май рӯзномаи “ал-Ҷумҳурия” ва 1 майи 2015 хабаргузориҳои дигари Миср, аз ҷумла ал-Аҳром, ал-Явм-ус-собеъ, аш-Шуруқ, ал-Мисрӣ ал-явм, ал-Балад, ат-Таҳрир, ал-Баввоба, Ахборак ва ғайра бо истинод ба Бунгоҳи хабарии Ховари Миёна (MӮNA) хабареро дар бораи Конфронси оби Душанбе мунташир карда буданд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj