Тоҷикӣ | Русский | English  

Чорабиниҳо бахшида ба 70-солагии Ғалаба

8 майи соли 2015 Сафири Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов бо президенти Олмон дар сафар ба қабристони қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар шаҳри Лебуси Олмон ҳамроҳӣ карда, болои оромгоҳи сарбозони ҳалокшуда гулчанбар гузошт.

Ҳамчунин, 9 майи соли 2015 дар шаҳри Берлин маросими насби лавҳаҳои ёдгории  номи ҳамдиёронамон, ки баҳори соли 1945 дар шаҳри Берлин ҳалок шудаанд, баргузор гардид. Сафири Тоҷикистон лавҳаҳоро дар қабристони дастаҷамъии Трептови ш.Берлин насб карда, ба хотири гиромидошти ҳамдиёрони дар ин қабристони бародарона дафншуда, гулчанбар гузошт. Инчунин дар ду маҳалли хотираи қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ маросими расмии гулгузорӣ аз ҷониби Сафорати Тоҷикистон анҷом дода шуд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj