Тоҷикӣ | Русский | English  

Ҷашни Ғалаба дар шаҳри Брюссел

9 майи соли 2015 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Брюссел дар якҷоягӣ бо Сафоратҳои кишварҳои Арманистон, Беларус, Булғория, Ветнам, ИМА, Италия, Қазоқистон, Қирғизистон, Куба, Лаҳистон, Македония, Маҷористон, Молдова, Муғулистон, Озарбойҷон, Олмон, Россия, Сербия, Словакия, Туркманистон, Узбекистон, Фаронса, Хитой ва Чехия дар маросими ёдбуди аскарони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва иштирокчиёни Ҳаракати Муқовимати Белгия, ки дар солҳои Ҷанги Дуюми Ҷаҳон баҳри озод намудани Шоҳигарии Белгия аз фашизм ҷоннисорӣ намудаанд, иштирок кард.

Намояндагони баландпояи кишварҳои номбурда дар зери пайкараи аскарони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва иштирокчиёни Ҳаракати Муқовимати Белгия, ки дар қабристони коммунаи Эвери шаҳри Брюссел воқеъ аст, гулчанбарҳо гузоштанд.

Қобили зикр аст, ки дар доираи ҷашнгирии 70-умин солгарди Ғалаба дар шаҳри Брюссел, дар таърихи 6 майи соли 2015 дар Маркази русии илм ва фарҳанг, филми бадеии “Тоҷикфилм” аз соли 1978 таҳти “Женщина из далека” ва аксҳои марбута ба намоиш гузошта шуданд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj