Тоҷикӣ | Русский | English  

Суханронии Вазири корҳои хориҷӣ дар Шӯрои ҳиндустонӣ оид ба умури байналмилалӣ

12 майи соли 2015 дар ҳошияи боздиди расмии худ аз Ҳиндустон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар Шӯрои ҳиндустонӣ оид ба умури байналмилалӣ дар мавзӯи “Сиёсати хориҷаи Тоҷикистон ва чолишҳои амнияти минтақавӣ” суханронӣ кард.

Дар суханронии худ С.Аслов таваҷҷуҳи ҳозиринро ба усулҳои асосӣ ва марҳалаҳои ташаккули сиёсати хориҷаи кишвар, ҳолат ва дурнамои густариши равобити дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон, сиёсати “дарҳои боз” ва нақши он дар тавсеаи ҳамкориҳои судманди тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангӣ ва башарӣ ва инчунин чолишҳои муосири амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҷалб намуд.

Дар поёни суханронии худ С.Аслов ба саволҳои марбут ба зарурати қабули консепсияи нави сиёсати хориҷаи Тоҷикистон, дурнамои тавсеаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҳиндустон дар сатҳҳои дуҷонибаю бисёрҷониба, мавқеи Тоҷикистон нисбати масоили мубрами амнияти минтақавӣ ва инчунин рушди вазъияти Афғонистон ва аҳамияти татбиқи лоиҳаҳои зерсохторӣ барои таъмини сулҳу субот дар ин кишвар ва тамоми минтақа посух дод.  

Дар мулоқот сафирони кишварҳои хориҷии муқими Деҳлии Нав, сиёсатшиносон, коршиносони масоили байналмилалӣ ва намояндагони ВАО ҳузур доштанд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj