Тоҷикӣ | Русский | English  

Вохӯрӣ бо роҳбарияти Корпоратсияи Миллии сохтмонии Ҳиндустон (NBCC Ltd)

12 майи соли 2015 дар шаҳри Деҳлии Нав вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Раиси Корпоратсияи Миллии сохтмонии Ҳиндустон  (NBCC Ltd) Ануп Кумар Миттал баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ Ануп Кумар Миттал самтҳои асосии фаъолияти корпоратсияи мазкур ва дурнамои густариши ҳамкориҳои онро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ намуд.

Таъкид гардид, ки иштироки Корпоратсияи миллии сохтмонии Ҳиндустон ва сармоягузориҳои он дар таҳия ва татбиқи муштараки лоиҳаҳои сохтумони биноҳои истиқоматӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, роҳҳо ва иншооти зерсохторӣ дар Тоҷикистон ба тавсеаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ду кишвар мусоидат хоҳанд кард.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj