Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Беларус

12 майи соли 2015 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Қозидавлат Қоимдодов бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Беларус Олег Слижевский баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба муҳокима шуданд. Ҳамчунин, ба рафти амалишавии тавофуқоти ҳосилшуда дар сатҳи олӣ дар рафти сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Беларус дар моҳи майи соли 2014 таваҷҷӯҳи хосса зоҳир гардид.

Сафири Тоҷикистон зикр намуд, ки ба хотири густаришу таҳкими робитаҳои дуҷонибаи давлатҳои дӯст – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус заминаи устувори шартномавӣ-ҳуқуқӣ эҷод шудааст, ки беш аз 60 аҳдномаву созишномаҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравиро дарбар мегирад.

Вазир иброз дошт, ки байни вазоратҳои адлияи Ҷумҳурии Беларус ва Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои хайрхоҳона роҳандозӣ шуда, Созишнома дар бораи ҳамкорӣ, ки соли 2012 байни ду вазорат ба имзо расида буд, ба муносибатҳои мутақобилан судманд такони нав бахшид ва мавриди амал қарор дорад.

Дар рафти вохӯрӣ ҳамчунин оид ба масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷӯҳи тарафҳо табодули назар сурат гирифт.

 

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj