Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон

13 майи соли 2015 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон хонум Сушма Свараҷ мулоқот анҷом дод.

Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои мубрами муносибатҳои ду кишвар дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, низомӣ, кишоварзӣ, консулӣ ва инчунин вазъияти Афғонистон, амнияти минтақа ва дигар мавзӯҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ шуданд.

Табодули назари судманд оид ба ҳамкориҳои ду кишвар дар доираи созмонҳои бонуфузи ҷаҳонию минтақавӣ, аз ҷумла СММ, СҲШ сурат гирифт. Ҷонибҳо сатҳи робитаҳо ва ҳамкории кунунии ду кишварро мусбат арзёбӣ карданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон барои солҳои 2015-2017 ба имзо расид.

Имрӯз ҳамчунин мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Аслов бо Мушовир оид ба масъалаҳои амниятии Ҳиндустон Аҷит Довал баргузор шуд. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба вазъи минтақа ва ҳамкории байни ду кишвар дар масъалаҳои низомию амниятӣ табодули афкор намуданд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj