Тоҷикӣ | Русский | English  

Вохӯрии Вазири корҳои хориҷӣ бо соҳибкорони Ҳиндустон

13 майи соли 2015 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Аслов бо намояндагони бонуфузи доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорони Ҳиндустон мулоқот намуд. Ин чорабинӣ бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳиндустон ва раҳбарияти ширкати CHL Limited-и Ҳиндустон баргузор гардид.

С.Аслов дар назди ҳозирин оид ба сиёсати иқтисодии хориҷии Тоҷикистон ва тадбирҳое, ки Ҳукумати кишвар ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар кишвар амалӣ мекунад, суханронӣ кард.  Дар ин росто имконияту роҳҳои тавсеаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҳиндустон дар соҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ махсус таъкид гардиданд.  

Аз ҷониби намояндагони доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорони Ҳиндустон алоқамандии воқеӣ ба татбиқи муштараки лоиҳаҳо дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти Тоҷикистон зоҳир карда шуд. Барои тақвияти беш аз пеши ҳамкориҳо ва баррасии лоиҳаҳои муштарак пешниҳод шуд, ки дар рӯзҳои наздик сафари доираҳои соҳибкории Ҳиндустон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат бигирад.

Дар ҳошияи мулоқоти С. Аслов бо доираҳои соҳибкории Ҳиндустон Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин кишвар ҷолибияти Тоҷикистонро барои сармоягузориҳои хориҷӣ муаррифӣ намуд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj