Тоҷикӣ | Русский | English  

Ҷаласаи Шӯрои намояндагони доими Муассисаи фарҳангии СҲИ (ЭКО)

11 маи соли 2015 дар шаҳри Кошони Ҷумҳурии Исломии Эрон 19 - умин ҷаласаи Шӯрои намояндагони доимии давлатҳои узви Муассисаи фарҳангии СҲИ баргузор гардид ва раёсати ин ҷаласа ба таври расмӣ ба Тоҷикистон вогузор шуд. Неъматулло Эмомзода-Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумхурии Исломии Эрон ва намояндаи кишвари Тоҷикистон дар СҲИ ва Муассисаи фарҳангии СҲИ барои 2 соли оянда раиси ин Шӯро хоҳад буд.

Муассисаи фарҳангии СҲИ як ниҳоди байналмилалӣ аст, ки ҳадафи он тақвият ва густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ, илмӣ ва ҳунарӣ буда, қароргоҳаш дар шаҳри Теҳрон буда, Афғонистон, Эрон, Покистон ва Тоҷикистон аъзоёни аслии Муассисаи фарҳангии СҲИ мебошанд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj