Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Раиси Бонки Исломии Рушд

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Аъзамшо Шарифӣ дар  шаҳри Ҷидда бо Раиси Бонки рушди исломӣ (БИР) д-р Аҳмад Муҳаммад Алӣ мулоқот анҷом дод.

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки рушди исломӣ дар заминаҳои гуногун баррасӣ гардиданд. Ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ аз натиҷаҳои ҳамкории босамари бисёрсола, омодагии худро ба татбиқи лоиҳаҳои нави муҳимми зербиноӣ таъкид намуданд.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардошти аҳаммияти глобалии мавзӯи об, Раиси Бонки рушди исломиро бо аҳдоф ва мӯҳтавои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» 2005-2015  шинос намуда, ба ӯ маводди муаррифиро тақдим кард.

Доктор Аҳмад Муҳаммад Алӣ ба Ҳукумати Тоҷикистон барои даъват ба Конфронси об изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид дошт, ки Бонки рушди исломӣ дар ин чорабинӣ дар сатҳи баланд иштирок хоҳад кард.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj