Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқот бо ҳайати Коллеҷи миллии мудофиаи Ҳиндустон

18 майи соли 2015 Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ ҳайати афсарони Коллеҷи миллии мудофиаи Ҷумҳурии Ҳиндустонро ба ҳузур пазируфт.

Дар рафти мулоқот Н.Зоҳидӣ аъзои ҳайатро бо самтҳои асосии рушди муносибатҳои Тоҷикистону Ҳиндустон дар марҳалаи муосир ва дурнамои ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, энергетика, мудофиа ва амнияти минтақавӣ шинос намуд.

Н.Зоҳидӣ ба саволҳои намояндагони коллеҷи мазкур дар робита ба ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи сармоягузорӣ, аҳамияти татбиқи лоиҳаҳои зерсохторӣ ва истифодаи васеъ аз иқтидори транзитии Тоҷикистон ва Афғонистон  дар таъмини рушди устувор, сулҳ ва суботи минтақа посух дод.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj