Тоҷикӣ | Русский | English  

Вохӯрӣ бо Мудири кулли Кумитаи шарқии иқтисодиёти Олмон

19 майи соли 2015 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Мудири кулли Кумитаи шарқии иқтисодиёти Ҷумҳурии Федеративии Олмон профессор Райнер Линднерро, ки ҳайати соҳибкорони Олмонро барои иштирок дар Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистон ва Олмон дар таърихи 18 майи соли 2015 дар ш. Душанбе роҳбарӣ менамуд, ба ҳузур пазируфт.

Зимни он мулоқот дар робита ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди масъалаҳои иқтисодии ҳамкории дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Олмон табодули назар сурат гирифт.

Ҷонибҳо дар робита ба самтҳои мутақобилан судманди иқтисодӣ ва инчунин ҷалби сармояи олмонӣ барои рушди иқтидори мавҷудаи иқтисодӣ ва энергетикии Тоҷикистон мавриди таваҷҷуҳ ва ҳавасмандии тарафайн ибрози назар намудаанд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj