Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқот бо Сафири Давлати Фаластин

20 майи соли 2015 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Сафири Давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Таршаҳониро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.

Дар рафти суҳбат ҳолат ва дурнамои робитаҳои дуҷониба, масъалаҳои тавсеаи заминаи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳо ва ҳамкорӣ дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, ба хусус СММ ва СҲИ баррасӣ шуданд.

Ҳамчунин дар атрофи рушди вазъият дар Ховари Наздик ва зарурати тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти мубориза бар зидди терроризм ва дигар чолишҳои амнияти минтақавию ҷаҳонӣ табодули назар сурат гирифт.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj