Тоҷикӣ | Русский | English  

Вохӯрии Муовини Вазири корҳои хориҷӣ бо Сафири Туркия

19 майи соли 2015 Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Меҳмет Мунис Дирикро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.

Дар рафти суҳбат масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба, татбиқи лоиҳаҳо бо иштироки Дафтари ҳамоҳангсози Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Туркия (ТIКА) дар Душанбе ва ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ шуданд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj