Тоҷикӣ | Русский | English  

Имзои созишнома миёни минтақаҳои Тоҷикистон ва Россия

22 майи соли 2015 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сафари кории Губернатори вилояти Ивановои Федератсияи Россия П.Конков Созишнома  миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати вилояти Ивановои Федератсияи Россия оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ ба имзо расид.

Созишномаро аз ҷониби Тоҷикистон Раиси вилояти Суғд А.Қодирӣ ва аз ҷониби Россия Губернатори вилояти Иваново П.Конков имзо карданд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj