Тоҷикӣ | Русский | English  

Иштироки Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси вазирони Паймони Нерӯ

20-21 майи соли 2015 дар ш.Гаага Конфронси вазирони Паймони Нерӯ баргузор гардид, ки дар он намояндагони зиёда аз 80 кишвари дунё ширкат намуданд.

Зимни конфронс Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо, Сафир Рустамҷон Солиев ба таваҷҷӯҳи иштирокчиён маълумоти муфассал оид ба иқтидори сармоягузорӣ дар соҳаи обӣ-энергетикии кишвар манзур намуда, ҷонибҳоро ҷиҳати таҳкими муносибатҳои мутақобилан судманд даъват намуд.

Ҳамзамон, Намояндаи доимии Тоҷикистон ба ҳозирин оид ба рафти омодагиҳо ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005-2015, ки 9-11 июни соли 2015 дар Душанбе баргузор мегардад, иттилоъ дод.

Ҳамчунин, дар ҳошияи конфронс мулоқоти Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Муовини Ёвари Котиби ИМА оид ба энергетика Робин Дунниган баргузор гардид, ки зимни он масъалаҳои дуҷонибаи қобили таваҷҷӯҳ баррасӣ гардиданд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj