Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон

25 майи соли 2015 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид ва Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ (БРСММ)  дар Тоҷикистон Александр Зуев мулоқот кард.

Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва сохторҳои СММ, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои БРСММ дар Тоҷикистон дар соли 2015 ва иштироки ҳайати СММ дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005-2015 (9-11 июни 2015 дар Душанбе) мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj