Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқот бо ҳайати Вазорати корҳои хориҷии Австралия

26 майи соли 2015 дар Вазорати корҳои хориҷӣ мулоқот бо ҳайати Австралия бо роҳбарии Муовини сафири ин кишвар дар Москва Мелисса О’Рурк баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрии ҳайат бо раҳбарони раёсатҳои дахлдори ВКХ Тоҷикистон самтҳои афзалиятноки муносибатҳои дуҷониба, иштироки Австралия дар татбиқи лоиҳаҳои мухталиф дар бахшҳои иҷтимоӣ, вазъияти Афғонистон ва роҳҳои муассири мубориза бар зидди чолишҳои амнияти минтақавӣ, ба хусус терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ ва қочоқи маводди мухаддир баррасӣ шуданд.

Дар атрофи масъалаҳои ҳамкории ду кишвар дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ табодули назар сурат гирифт.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj