Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Муовини вазири корҳои хориҷӣ бо муовини Директори иҷроияи Дафтари СММ (UNODC)

27 майи соли 2015 дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба мушкилоти таҳдидҳои маводи мухаддир таҳти унвони “Таҳкими талошҳо доир ба ҳамкории байналмилалӣ дар бахши мубориза бо маводи мухаддир” мулоқоти Муовини вазири корҳои хориҷӣ Парвиз Давлатзода бо муовини Директори иҷроияи Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) Алдо Лале-Демоз доир гардид.

Ҷонибҳо аз раванди мусбати рушди ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари СММ оид ба мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) изҳори қаноатмандӣ намуда, зарурати тақвияти ҳамкориро дар самти мубориза бо ин чолишҳо дар чаҳорчӯби Барномаи нави UNODC барои кишварҳои Осиёи Марказӣ (2015-2019) бори дигар таъкид намуданд.

Ҳамзамон, ҳарду ҷониб баргузории Конфронси байналмилалӣ оид ба мушкилоти таҳдидҳои маводи мухаддирро дар ш.Душанбе як сол қабл аз ҷаласаи вежаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба маводи мухаддир дар соли 2016 хамчун чорабинии саривақтӣ арзёбӣ намуданд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj