Тоҷикӣ | Русский | English  

Ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СҲИ

27 майи соли 2015 дар Давлати Кувайт ҷаласаи 42-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ (СҲИ) кори худро шурӯъ намуд. Дар ин чорабинӣ ҳайати Тоҷикистонро Муовини Вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидӣ роҳбарӣ менамояд.

Ҷаласаи мазкурро  шайх Сабоҳ Ал-Аҳмад Ал-Ҷобир Ас-Сабоҳ, Амири Давлати Кувайт, ки тайи соли пешомад раисии СҲИ-ро  ба ӯҳда дорад, ҳусни ифтитоҳ бахшид.

Дар кори ҷаласа масоили рушди ҳамкориҳо байни кишварҳои аъзои Созмон, мубориза бо терроризм ва экстримизм, ҳамчунин вазъияти ноороми минтақа, аз ҷумла дар кишварҳои Яман, Ироқ, Сурия, Либия ва кишварҳои алоҳидаи китъаи Африка мавриди баррасӣ қарор доранд.

Дар доираи рӯзи аввали кории Шӯрои вазирони Созмон ҷаласаи махсус дар мавзӯи “Стратегияи муборизаи самаранок алайҳи терроризм, экстремизм ва исломофобия” баргузор шуд.

Дар ҳошияи рӯзи аввали ҷаласа  мулоқотҳои  Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Зоҳидӣ бо вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадҷавод Зариф, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ, Муовини Сарвазир ва Вазири корҳои хориҷии Мамлакати Ҳошимии Урдун Насер Ҷуда, Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Аскар Мусинов ва Намояндаи махсуси Дабири кулли СММ оид ба Ироқ Ян Кубиш доир гардиданд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj