Тоҷикӣ | Русский | English  

Вохӯрӣ бо Раиси гурӯҳи парлумонии дӯстӣ ва ҳамкориҳои Тоҷикистону Фаронса

27 майи соли 2015 дар бинои Сенати Фаронса мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Фаронса Назаров Ҳомидҷон бо Раиси навтаъйини гурӯҳи парлумонии дӯстӣ ва ҳамкориҳои Тоҷикистону Фаронса сенатор Силвия Гоа Шаван баргузор гардид.

Сафири Тоҷикистон сенаторро бо таъйиноти нав табрик намуда, хонум Гоа Шаванро оид ба таъсиси бахши тоҷикистонии Гурӯҳи парлумонии дӯстӣ ва ҳамкорӣ огоҳ намуд ва бо итминони комил изҳор кард, ки таъсиси гурӯҳи байнипарлумонӣ ба рушди ҳамкориҳои минбаъдаи Тоҷикистону Фаронса такони тоза мебахшад.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо роҳҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаро, аз ҷумла дар сатҳи байнипарлумонӣ, муҳокима намуданд. Ҳамчун Роҳбари бахши фаронсавии гурӯҳи байнипарлумонӣ Гоа Шаван омодагии худро изҳор намуд, ки кӯшишҳои пайваста ба харҷ медиҳад, то ки ба рушди гуногунҷабҳаи муносибатҳои байни ду кишвар, аз ҷумла дар соҳаҳои маориф ва кишоварзӣ, саҳмгузор бошад. Инчунин аҳамияти таҳкими пояи қарордодиву ҳуқуқии байни Тоҷикистон ва Фаронса таъкид гардид. Дар ин робита пешниҳод шуд, ки масъалаи омодасозии лоиҳаи созишномаҳо дар бахшҳои мавриди эҳтимоми тарафайн мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирад.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj