Тоҷикӣ | Русский | English  

Идомаи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СҲИ

28 майи соли 2015 дар Давлати Кувайт ҷаласаи 42-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ (СҲИ), ки дар он ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муовини Вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидӣ ҳузур дорад, кори худро идома бахшид.

Дар нимаи аввали рӯз суханронии роҳбарони ҳайатҳо идома ёфт. Зимнан, Н.Зоҳидӣ дар он баромад карда, иштирокчиёни чорабиниро бо мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати масъалаҳои мубрами олами ислом, ки ба рӯзномаи ҷаласа ворид шудаанд, шинос кард ва аз кишварҳои аъзои СҲИ ҷиҳати иштироки фаъол дар Конфронси дарпешистодаи байналмилалӣ дар мавзӯи об дар шаҳри Душанбе даъват ба амал овард.

Дар ҳошияи рӯзи дуввуми кори ҷаласа  мулоқоти дуҷонибаи Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Зоҳидӣ бо Муовини Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт Холид Сулаймон Ҷоруллоҳ сурат гирифт ва дар рафти он тамоми маҷмӯи масъалаҳои рушду тақвияти равобити дуҷонибаи байни Тоҷикистон ва Кувайт мавриди муҳокима ва ибрози назар қарор доштанд. 

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj