Тоҷикӣ | Русский | English  

Муносибатҳои Тоҷикистон бо Арманистон

Муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Арманистон 12 октябри соли 1992 барқарор шудаанд.

Барои муносибатҳои Тоҷикистону Арманистон эътимоди мутақобила, мувофиқат ва ё наздикии мавқеъ оид ба масъалаҳои алоҳидаи рӯзмарраи байналмилалӣ ва минтақавӣ хос мебошанд.

Мулоқотҳои кории роҳбарони ду давлат ба таҳкими муносибатҳои дуҷониба мусоидати назаррас мерасонанд.

2 - 3 апрели соли 2002 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Арманистон Роберт Кочарян ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

25 - 26 ноябри соли 2003 сафари расмии ҷавобии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Арманистон доир гардид.

Инчунин, соли 2005 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Арманистон ташрифи кӯтоҳмуддат анҷом дод.

Дар рафти сафарҳои зикргардида як қатор санадҳо, ки муҳимтарини онҳо Аҳдномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арманистон ба ҳисоб меравад, инчунин, ҳуҷҷатҳои байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ дар соҳаҳои ҳимояи сармоягузорӣ, илм, техника, иттилоот, сохтмон ва ҳифзи табиат ба имзо расиданд.

Заминаи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаро зиёда аз 20 ҳуҷҷат ташкил медиҳад, ки онҳо масъалаҳои гуногуни ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои иқтисодиёт, тиҷорат, кишоварзӣ, тандурустӣ, фарҳанг ва илму маориф дарбар мегирад.

Тайи солҳои охир, ҷиҳати барқарорсозӣ ва тавсеаи алоқаҳои мустақими субъектҳои хоҷагидорӣ байни корхонаҳои ҳарду ҷониб иқдомҳои мушаххас ва табодули маҳсулоти таъйиноти истеҳсолӣ-техникӣ, молҳои ниёзи мардум ва ашёи хом сурат мегирад.

Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Арманистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣҳамоҳангсози муносибатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арманистон буда, дар рафти ҷаласаҳои он ҷиҳати таҳким ва тавсеаи минбаъдаи робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои гуногун қарорҳои дахлдор қабул карда мешаванд.

Муносибатҳои миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арманистон дар маҷмӯъ дурнамои рушд ва таҳкими минбаъдаро доро мебошанд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj