Тоҷикӣ | Русский | English  

Муносибатҳои Тоҷикистон бо Беларус

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус 5 сентябри соли 1996 тавассути мубодилаи ёддоштҳо оғоз гардид.

Аз соли 1997 дар шаҳри Минск Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон амал менамояд.

Ҳамчунин, дар шаҳри Душанбе аз соли 2011 Сафорати Ҷумҳурии Беларус фаъолият дорад.

Рушди муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷониба байни Тоҷикистону Беларус дар марҳалаи имрӯза дар сатҳи баланд арзёбӣ мегардад.

Муколамаи мунтазами сиёсӣ дар сатҳи олӣ ба роҳ монда шудааст, ки ба рушд ва тавсеаи муносибатҳои дуҷониба пайваста мусоидат мекунад.

Мулоқоти Сарони ду кишвар воқеан анъанавӣ гардида, дар доираи чорабиниҳои минтақавӣ ва созмонҳои байналмилалӣ мунтазам доир мегардад, ки дар рафти онҳо дар маҷмӯъ масъалаҳои таҳким бахшидани амният ва истиқрор дар минтақаи ИДМ муҳокима мешаванд, ки ба раванди ҳамгироӣ дар минтақа мусоидат мерасонанд.

Тоҷикистон ва Беларус пайравони мӯътақид ва собитқадами тавсеа ва таҳкими ҳамкории минтақавӣ буда, оид ба баланд бардоштани сатҳи ҳамкориҳои самаранок дар доираи СММ, САҲА, ИДМ, СААД, ИИАО ва дигар созмонҳои минтақавӣ, ки ҳар ду кишвар аъзои онҳо мебошанд, мавқеи якхела доранд.

Вобаста ба аксари масъалаҳои муҳими байналмилалӣ назар ва мавқеи ҳарду кишвар ба ҳам наздик буда, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Белорус оид ба масъалаҳои узвият дар сохтори байналмилалӣ ҳамдигарро ҷонибдорӣ менамоянд.

Моҳи апрели соли 2000 дар доираи аввалин сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус А.Лукашенко ба Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии ҳамкориҳои миёни ду давлат дар соҳаҳои гуногун муайян гардиданд.

Пояи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Беларус баъд аз сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Беларус дар моҳи июли соли 2001 тавсеа ёфт.

Дар ҷараёни ин сафар ҳуҷҷатҳо оид ба масъалаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитарии ду кишвар ба имзо расонида шуданд.

Мулоқоти сарони ду давлат дар доираи саммити Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва СААД, ки 26 ноябри соли 2009 дар шаҳри Минск доир гардид, ҳамчун таҳрикдиҳандаи нави рушд ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва муайянсози нақшаҳои минбаъдаи стратегии дуҷониба арзёбӣ мешавад.

Ҷонибҳо дар хусуси кушодани корхонаи муштарак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмири техникаи аз Белорус харидоришуда («БелАЗ», «МАЗ») ва маркази хизматрасонии техникии он ба мувофиқа расиданд. Тибқи мувофиқаи бадастомада, бунёди корхонаи васлкунии қисмҳои тракторҳои «МТЗ» дар вилояти Хатлон пешбинӣ гардид. Таъсиси корхонаи васлкунии тракторҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмини ҷойҳои нави корӣ барои аҳолии маҳаллӣ мусоидат намуда, рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва иқтидори содиротии Тоҷикистонро ба хориҷи кишвар пешбинӣ менамояд.

Рӯйдоди дигари назаррас дар муносибатҳои дуҷониба сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко дар таърихи 28 октябри соли 2011 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Дар доираи гуфтушунидҳои сарони ду кишвар масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, илмию техникӣ, ҳарбию техникӣ ва фарҳангӣ ба таври муфассал мавриди баррасӣқарор гирифтанд.

Дар анҷоми ин сафар як қатор санадҳои муҳим дар самтҳои афзалиятдори ҳамкорӣ, аз ҷумла, дар соҳаҳои иқтисод, фарҳанг, варзиш, муҳоҷират ва маориф ба имзо расонида шуданд.

Сатҳи ҳамкории иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Беларус тамоюли мунтазами болоравиро дорад ва асосан дар доираи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба масъалаҳои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, ки соли 1999 таъсис шудааст, баррасӣ мегардад. Дар ҷараёни ҷаласаҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи комплекси агросаноатӣ, энергетика, таъмини техникаи мошинасозӣ, ташкили муассисаҳои муштарак оид ба васли тракторҳо мавриди баррасӣқарор дода мешаванд. Робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣҷиҳати ташкили таъминкунӣ бо ашёи хом, молу маҳсулоти мавриди ниёзи мардум ва инчунин инкишофи муносибатҳои байни субеъктҳои минтақавӣ ва хоҷагидории ду давлат равона карда шудаанд.

Ҳаҷми воридотро ба Тоҷикистон асосан нақлиёти боркаши калони сохтмонӣ ва техникаи кӯҳкорӣ, маҳсулоти соҳаи бофандагӣ ва мебел, таҷҳизоти электрикӣ ва техникаи маишӣ, чӯб ва маҳсулоти коркарди он, чорвои зотӣ, маҳсулоти химияи ғайриорганикӣ ва дорусозӣ ташкил медиҳанд.

Маҳсулоти асосии содиротшавандаро аз Тоҷикистон ба Беларус нахи пахта, пашм, меваи хушк, алюминий, тухмиҳои равғандор ва меваҳо ташкил медиҳанд.

Инчунин ҷиҳати ба Тоҷикистон интиқол додани маҳсулоти корхонаи “БелАЗ”, “МАЗ”, ва “МТЗ” ва пешбурди онҳо ба дигар бозорҳои минтақаи Осиёи Марказӣ корҳои муайян анҷом дода шуда истодааст. Дар солҳои охир аз Беларус ба Тоҷикистон барои сохтмони иншоотҳои энергетикӣ тақрибан 1000 адад нақлиёти боркаши калони сохтмонӣ ва таҷҳизоти истихроҷи маъдани конҳо фиристода шуданд.

Дар чорчӯбаи табодули таҷриба байни муассисаҳои ду давлат корҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи парвариши моли зотии калон ва селексия ҷараён дорад. Байни субъектҳои хоҷагидор шартномаҳо оид ба истеҳсол ва таъмини якдигар бо тухмиҳои баландсифат баста шудаанд.

Ҳамкории байниминтақавӣ миёни вилоятҳо ва минтақаҳои савдои озоди тарафҳо босуръат инкишоф меёбад. Созишномаҳо оид ба ҳамкории ҳамаҷониба байни вилоятҳои Суғд ва Витебск, Хатлон ва Минск, Ёвон ва Узда ба имзо расонида шудаанд.

Ҳамкориҳо миёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Белорус ба таври фаъол ба роҳ монда шудаанд.

Сафарҳои доираи соҳибкорони вилояти Могилёв ба вилояти Суғд сурат гирифтанд, ки ба онҳо намояндагони ҶСК “Комбинати гӯшти Могилёв”, ҶСК “Корхонаи мошинасозии Бобруйск”, ҶСК “Белшина” ва ҶМИ “Технотекс” шомил буданд. Дар рафти сафар имкониятҳои инкишофи ҳамкорӣ дар доираи таъмини Тоҷикистон бо маҳсулоти ҳасибӣ, маҳсулотҳои нимтайёр, шинаҳои автомобилҳо, маҳсулоти санитарӣ-гигиенӣ, картон ва маҳсулоти аз он истеҳсолшавнда, инчунин маҳсулоти қаннодӣ баррасӣ карда шуданд.

Аз соли 2011 Шӯрои кории Тоҷикистон-Беларус амал менамояд. Робитаҳои фарҳангии байниҳамдигарӣ нисбатан рушд ёфта, ҳамкориҳо дар соҳаи маориф, илм ва тандурустӣ ба роҳ монда шудаанд. Дар моҳи сенябри соли 2012 дар заминаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ факултаи Донишгоҳи миллии техникии Беларус фаъолияти худро оғоз намудааст. Ба муассисаҳои таҳсилоти олии Беларус ҳамасола теъдоди муайяни донишҷӯёни тоҷик фиристода мешаванд.

Асарҳои як қатор шоирон ва нависандагони тоҷик ба забони белорусӣ тарҷума ва нашр шудаанд. Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Беларус, ки моҳи марти соли 2012 таъсис ёфт, фаъолияти босамар дошта, робита бо Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Белорус, ки соли 2006 таъсис ёфтааст, ба роҳ монда шудааст. Муносибатҳои байнипарлумонӣ инкишоф ёфта, бо мақсади тақвияти он Гурӯҳи корӣ оид ба ҳамкориҳои байнипарлумонӣ таъсис дода шудааст. Ходимони фарҳанг ва илми ду кишвар дар чорабиниҳои байналмилалии фарҳангӣ, форумҳои таълимӣ ва намоишгоҳҳое, ки дар Тоҷикистону Беларус доир мегарданд, иштирок менамоянд.

Дар маҷмӯъ вазъи кунунии муносибатҳои Тоҷикистону Беларус раванди мунтазами вусъатёбиро дорад. Дар он ҷараёни амалисозии кӯшишҳои тарафайни кишварҳо ҷиҳати боз ҳам зичтар намудани ҳамкориҳои гуногунҷанба мувофиқи имконият ва ниёзҳои ҳарду давлат ба мушоҳида мерасад.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj