Тоҷикӣ | Русский | English  

Муносибатҳои Тоҷикистон ва Гурҷистон

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурҷистон 4 августи соли 1994 барқарор гардидаанд.

Муносибатҳои ду кишвар ба принсипҳои эътимод, дӯстӣ, баробарҳуқуқӣ ва эҳтироми ҳамдигар асос ёфтаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи чорабиниҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ бо роҳбарияти Гурҷистон як қатор мулоқотҳо анҷом додааст, ки дар рафти онҳо масъалаҳои гуногунҷанбаи ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣқарор ёфтанд.

Заминаи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаро Протокол оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ ва ду созишномаи байниидоравӣ оид ба ҳисоббаробаркуниҳои байнидавлатӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи сохтмон ташкил медиҳанд. Ҳамчунин зиёда аз даҳ санад мавриди баррасии ҷонибҳо қарор дорад.

Номгӯи асосии воридот аз Гурҷистон ба Тоҷикистон аз маҳсулоти озуқаворӣ, доруворӣ, чӯб, таҷҳизотҳои электрикӣ ва мебел иборат аст.

Ҳамкории иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Гурҷистон дар марҳилаи ҳозира асосан дар амалисозии Барномаи ТРАСЕКА-и Иттиҳоди Аврупо ба назар мерасад, ки он ба рушди роҳрави нақлиётии Аврупо-Қафқоз-Осиё равона шудааст. Иштироки Тоҷикистон дар Барномаи мазкур метавонад дар оянда кишварро бо шабакаҳои нақлиётии Қафқоз ва Осиёи Марказӣ бипайвандад.

Муносибатҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурҷистон дар маҷмӯъ дурнамои рушд ва таҳкими минбаъдаро доро мебошад.

 

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj