Тоҷикӣ | Русский | English  

Муносибатҳои Тоҷикистон бо Қазоқистон

Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои дипломатиро бо Ҷумҳурии Қазоқистон 7 январи соли 1993 барқарор намуда, моҳи июни ҳамон сол намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар ин кишвар ба фаъолият шурӯъ кард. Намояндагии дипломатии Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳри Душанба аз соли 1998 фаъолият дорад.

Аз оғоз ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба байни Тоҷикистону Қазоқистон дар фазои мутақобилан судманд ва ҳусни тафоҳум ҷараён гирифта, алъон дар ҳоли рушду инкишофи сатҳи баланд қарор доранд. Дар баррасии масъалаҳои муҳими дорои моҳияти байналмиллалӣ ва минтақавидошта мавқеи ҷонибҳо ҳамоҳанг буда, тарафҳо асосан мавқеи наздик ё ба ҳам мушобеҳ доранд.

Дар ин замина боздидҳои сарони давлатҳо аз кишварҳои якдигар ба рушди муносибатҳо такони мусбат бахшида, таҳкимгари пояи шартномавию ҳуқуқии ҳамкориҳо гардидаанд. Ҳамин тариқ, дар натиҷаи ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон дар соли 1993 санади асосӣ «Аҳднома дар бораи заминаи муносибатҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон» ва зимни сафарҳои минбаъдаи Президенти кишвар ба ин кишвар дар солҳои 1995, 2006 ва 2008 маҷмӯи санадҳои фарогири бахшҳои иқтисодию фарҳангӣ байни ду давлат ба имзо расид.

Ташрифи расмии аввалини Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2000, яке аз рӯйдодҳои муҳим дар таърихи муносибатҳои ду кишвар ба ҳисоб меравад, ки дар рафти он санадҳои байниҳукуматию байниидоравии алоқаманд ба соҳаҳои сиёсию иқтисодӣ, илмию маърифатӣ ва гумрук ба имзо расиданд.

Санадҳои дигари муҳим оид ба ҳамкории тарафайн дар бахшҳои фарҳангу санъат, маориф, савдою сармоя ва кишоварзӣ, ки дар ҷараёни сафари расмии Президенти Қазоқистон ба Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2007 ба имзо расиданд, таҳкимбахши раванди муносибатҳои дуҷониба гардиданд.

Тоҷикистон ва Қазоқистон бо мақсади ҳалли самарабахши масъалаҳои аввалиндараҷа ва таъмиқи минбаъдаи ҳамкории дуҷониба, таҳкурсии институтсионалии устувор - Шӯрои Ҳамоҳангсозии байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон, Шӯрои Вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистонро таъсис доданд.

Ҷаласаҳои Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷорию иқтисодӣ, ки солҳои 1998, 2001, 2004, 2006, 2007, 2008, 2009, 2011, 2012 доир шуданд, ҳолати муносибатҳо ва амалишавии санадҳои қаблан имзошударо баррасӣ намуда, самтҳои равобити дуҷонибаро боз ҳам васеътар гардониданд.

Алҳол асоси шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистонро беш аз 75 санад ташкил медиҳад. Санадҳои мазкур асосан фарогири самтҳои муҳими ҳамкориҳо, аз ҷумла, сиёсию иқтисодӣ, сармоягузорию андозбандӣ, бонкӣ ва гумрукӣ, инчунин ҳарбӣ ва ҳарбию техникӣ буда, густариши фаъолонаи муносибатҳои минбаъдаро таъмин менамоянд.

Ҳамдигарфаҳмию ҳамоҳангсозии мавқеҳои ҳарду давлат, ҳамчунин дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, аз қабили СММ, ИДМ, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕврАзЭС), СААД ва СҲШ дар шакли ҳамкории зич ифода мегардад.

Асоси ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Қазоқистонро соҳаҳои саноати сабук, металлургияи ранга, энергетика, нақлиёт, коммуникатсия ва бахши кишоварзӣ ташкил медиҳад. Тоҷикистон ба Қазоқистон электроэнергия, пахта, алюминий ва анвои мухталифи маҳсулоти кишоварзиро содир намуда, аз ин кишвар гандум ва маҳсулоти он, маҳсулоти нафтӣ, оҳан ва нуриҳои минералӣ ворид менамояд.

Зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 12-13 сентябри соли 2007 аз ҷониби роҳбарони ҳарду давлат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев масъалаи ташкили «Фонди сармоягузориҳои мустақими Тоҷикистону Қазоқистон» ба мувофиқа расид, ки мақсад аз он татбиқи амалии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар қаламрави ҳарду кишвар ва хориҷ аз онҳо мебошад.

Қобили зикр аст, ки самти ҳамкориҳои фарҳангию башардӯстонаи Тоҷикистону Қазоқистон дар сатҳи вусъатёбанда рушд ёфта, он ҳамаҷониба мавриди дастгирии мардуми ба ҳам дӯсти ҳарду кишвар мебошад.

Умуман, ҷараёни инкишофи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитарии байни Тоҷикистону Қазоқистон бо назардошти манфиатҳои мутақобилан муфид ба роҳ монда шуда, дар ин асос муносибатҳои дуҷонибаи сиёсӣ мустаҳкам мегарданд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки саъю кӯшиши ҳамкориҳои дутарафа тараққӣ ва инкишоф ёфта истодааст.      

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj