Тоҷикӣ | Русский | English  

Муносибатҳои Тоҷикистон бо Молдова

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Молдова 26 январи соли 1993 барқарор гардиданд.

Муносибатҳои Тоҷикистону Молдова дар фазои эътимоди мутақобила, мувофиқат ва ё наздикии мавқеъ оид ба масъалаҳои алоҳидаи рӯзмарраи байналмилалӣ ва минтақавӣ густариш меёбанд.

Моҳи ноябри соли 2002 сафари расмии Президенти Молдова В.Воронин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар рафти ин боздид асосҳои ҳуқуқии инкишофи минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба байни ду кишвар гузошта шуданд. Ҳуҷҷатҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравие, ки дар рафти ин боздид ба имзо расиданд, аз ҷумла, Аҳдномаи дӯстӣва ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Молдова, ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои бисёрҷабҳаи дуҷониба заминаи мусоиди ҳуқуқиро фароҳам оварданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи саммитҳои расмӣ ва ғайрирасмии давлатҳои аъзои ИДМ пайваста бо роҳбарони Ҷумҳурии Молдова мулоқот менамояд, ки дар рафти онҳо самтҳои гуногуни муносибатҳои дуҷониба муҳокима мешаванд.

Дар қаринаи масъалаҳои умумӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил авлавиятҳои муносибатҳои бисёрҷонибаи ду давлат, аз ҷумла, таҳкими бехатарӣ ва субот дар ИДМ, мусоидат ба рушди минбаъдаи равандҳои ҳамгироӣ ба мушоҳида мерасад.

Заминаи ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Молдоваро 14 санади байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ дар соҳаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ҳимояи мутақобилаи сармоягузорӣ, иттилоот ва ғайра ташкил медиҳанд.

Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Молдова оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ, ки соли 2004 таъсис ёфтааст, дар рушд ва тақвияти муносибатҳои гуногунҷабҳаи дуҷониба нақши муҳим дорад.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj