Тоҷикӣ | Русский | English  

Муносибатҳои Тоҷикистон бо Озарбойҷон

Ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Озарбойҷон бо барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ аз 29-уми майи соли 1992 оғоз гардид. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон аз 23-юми марти соли 2008 фаъолияти худро оғоз кард. Сафорати Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми сентябри соли 2007 фаъолият мекунад.

Бо барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ, ҳамкориҳои дуҷониба ва бисерҷониба байни Тоҷикистону Озарбойҷон дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ рушд ёфта истодааст. Тоҷикистону Озарбойҷон дар арсаи байналмилалӣ дар чорчӯбаи созмонҳои СММ, САҲА ва ИДМ шарикони боҳамто мебошанд.

Муносибатҳои мустаҳкам ва устувори тарафайни байни сарони ду кишвар аз боздиди расмии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон И. Алиев ба шаҳри Душанбе 15-16-уми марти соли 2007 ва сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмон ба шаҳри Боку 13-14-уми августи соли 2007 ва 11-13 июли соли 2012 сарчашма мегирад. Дар рафти сафарҳои мазкур ҷонибҳо самтҳои асосии ҳамкориҳои Тоҷикистону Озарбойҷонро дар соҳаи сиёсӣ, иқтисодӣ, илмию техникӣ, гуманитарӣ, ки барои ҳамкориҳои дарозмуддат равона шудааст, муайян намуданд.

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон моҳи июли соли 2012 марҳилаи навро дар таърихи ҳамкориҳои Тоҷикистону Озарбойҷон оғоз намуда, яке аз равандҳои асосии рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар даҳсолаи минбаъда шинохта шуд. Дар баёнияи сиёсии худ сарони давлатҳои ду кишвар азми қавии худро ҷиҳати босубот давом додани гуфтушунидҳои зичи сиёсӣ ва рушди муносибатҳои шариконаи Тоҷикистону Озарбойҷон иброз намуданд.

Айни замон, заминаи шартномавию ҳуқуқии Тоҷикистону Озарбойҷон беш аз 30 ҳуҷҷатро дарбар гирифта, яке аз ҳуҷҷатҳои поягузор - Аҳдномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон аз 16 марти соли 2007 ба ҳисоб меравад. Асноди баимзорасида заминаи ҳуқуқии ду кишварро мустаҳкам намуда, барои рушди ҳамкориҳои дуҷониба байни Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, андоз, гумрук, корҳои бонкӣ ва ҷалби сармоя равона шудааст.

Самтҳои афзалиятнок дар ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни Тоҷикистону Озарбойҷон филизоти ранга, маҳсулоти кишоварзӣ, энергетика, саноати сабук, нақлиёт ва коммуникатсия, муносибатҳои байнибонкӣ мебошанд.

Ҳаҷми гардиши мол байни ду кишвар сол аз сол ривоҷ ёфта истодааст. Маҳсулотҳое, ки асосан гардиши молро афзун менамояд, ин маҳсулоти истеҳсолкунандаи заводи алюминии “ТАЛКО” буда, тариқи роҳҳои обӣ ва оҳани Ҷумҳурии Озарбойҷон ба кишварҳои Аврупо интиқол мешаванд. Барои истеҳсоли алюминий Тоҷикистон ҳамасола аз заводу ширкатҳои Ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҳаҷми муайян гилхок, кокс ва дигар ашёи хоми нафтӣ харидорӣ мекунад.

Байни Тоҷикистону Озарбойҷон Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ фаъолият дорад. Аз давраи ташкил шудани комиссияи мазкур (2008) ду ҷаласаи он баргузор гардида, дар рафти гуфтушунидҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии ду кишвар баррасӣ шуда, ҳамкориҳои минбаъдаи Тоҷикистону Озарбойҷон дар самтҳои мухталиф муайян гардиданд.

Байни кишварҳо робитаҳои байниминтақавӣ густариш ёфта, ҳамкориҳои устувор миёни шаҳрҳои Хуҷанд ва Ганҷа ба роҳ монда шудаанд.

Ҳамкориҳои парлумонии байни ду кишвар густариш ёфта, ҷонибҳо Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ ташкил кардаанд, ки мунтазам вохӯриҳои корӣ доир менамоянд.  

Бинобар наздик будани фарҳангу тарзи зиндагии халқи ду кишвар, ҷонибҳо ба табодули фарҳангӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамоянд. Санъати мусиқии миллии ду кишвар ба мисли мусиқии классикии тоҷик “Шашмақом”-у “Фалак” ва озарӣ “Мугам” ё “Ашиг” хеле ба ҳам наздиканд.

Муносибатҳои донишгоҳҳои олии Тоҷикистону Озарбойҷон дар асоси Созишномаи байни донишгоҳҳои олии ду кишвар фаъолона ба роҳ монда шудааст. Айни замон дар донишгоҳҳои олии пешрави Озарбойҷон донишҷӯёни тоҷик таҳсил мекунанд.

Умуман, ҷараёни инкишофи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитарии байни Тоҷикистону Озарбойҷон бо назардошти манфиатҳои мутақобилан муфид ба роҳ монда шуда, муносибатҳои дуҷонибаи сиёсӣ мустаҳкам мегарданд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj